Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нерӯҳои ИМА тибқи нақша сурат мегирад


Бо вуҷуди аз моҳи январ то ба моҳи март ба таъхир уфтодани интихоботи парлумонии Ироқ, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар тибқи нақша сурат мегирад. Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ генерал Рэй Одиерно изҳор намуд, ки марҳалаи аслии ихроҷи низомиён, дар сурати мӯътадил боқӣ мондани авзоъ, моҳи май шурӯъ мешавад.
Айни ҳол дар Ироқ 110 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд. Баъд аз хуруҷи нерӯҳои ҷангӣ дар Ироқ фақат тақрибан 50 ҳазор низомиёни ҷузву томҳои кумакрасон боқӣ мемонанд. Қарор аст то охири соли 2011 ҳама низомиёни ИМА хоки Ироқро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG