Пайвандҳои дастрасӣ

Тасдиқи ҳукумати нави Афғонистон ба таъхир уфтод


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, бояд рӯзи нави интихоботи аъзои ҳукумат аз сӯи парлумонро таъин кунад. Рӯзи шанбе парлумони Афғонистон аз 24 номзади пешбаришуда ба ҳукумати нави Афғонистон 17 нафарро ба мақоми вазирӣ лоиқ надонист. Миёни онҳое, ки вакилон аз тасдиқи онҳо сарпечӣ карданд – номзад ба мақоми вазири энерҷӣ Исмоилхон ва довталаби курсии вазири адлия Дониш Сарвар низ ҳастанд. Аз вазирони собиқи ҳукумат Абдул Вардак дар мақоми вазири дифоъ пазируфта шуд. Вакилони парлумон ҳамчунин аз номзадии вазирони умури дохила, молия, фарҳанг, саноат, маорифу парвариш ва кишоварзӣ пуштибонӣ карданд. Номзадии ҳар вазири ҳукумати нав алоҳида ба овоздиҳии пинҳонӣ гузошта шуд.
Ҳомид Карзай ташкили ҳукумати навро охирҳои моҳи гузашта анҷом дода буд. Ба бештари мақомҳо вазирони собиқи ҳукумат пешбарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG