Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии нахустин дар соли Паланг


Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар соли 2010 бар мунтахаби Яман дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Голи ягонаи ин бозиро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 80-ум вориди дарвозаи рақиб кард.

Ин дуввумин бозии дӯстонаи ду мунтахаби миллӣ дар як ҳафтаи ахир дар шаҳри Санъо буд. Аммо бозии аввал дар охирин рӯзи соли гузашта баргузор шуда буд, ки бо пирӯзии мизбонон – Яман бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд.

Хабаргузории давлатии ямании Сабо, ки гузорише аз ин бозӣ нашр кардааст, менависад, риштаи бозиро аз аввал бозигарони тоҷик дар дасти худ гирифтанд ва тамоми талошашонро сарф карданд, то интиқоми бохт дар бозии аввалро бигиранд. Аммо на бад-он маъно, ки тамоми бозӣ дар нимаи майдони мизбонон гузашта бошад. Дарвозабони тоҷик низ бекор нанишаста будааст.

Дар ин бозӣ танҳо як гол зада шуд ва онро ҳам тоҷикон ба самар расониданд. Дар дақиқаи 35-уми қисми дуввуми бозӣ Даврон Тухтасунов иштибоҳи ҳимоятгарони яманиро хуб истифода бурда тавонистааст.

Ёдовар мешавем, Пӯлод Қодиров, сармураббии мунтахаби миллӣ ин бозигаронро ба Яман бурда буд: дарвозабонҳо – Алишер Додов («Регар» ТадАЗ) ва Миралӣ Муродов («Энергетик»), ҳимоятгарон – Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов (ҳарду аз «Истиқлол»), Фаррух Чориев, Даврон Эргашев, Наим Носиров (ҳарсе – «Регар» ТадАЗ), Асадулло Нуруллоев, Руслан Таваккалов (ҳарду – «Парвоз»), Акмал Сабуров («Вахш»), нимҳимоятгарон – Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Рагар» ТадАЗ), Ҷомихон Муҳиддинов («Вахш»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Қурбоналӣ Собиров (ҳарсе – «Истиқлол»), ҳамлагарон – Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Даврон Тухтасунов ва Комил Саидов (ҳарду – «Регар» ТадАЗ).

Бозиҳои дӯстона бо Яман дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали омодагиҳои мунтахаби миллӣ ба Ҷоми чолиши Осиё сурат гирифтааст. Марҳилаи дуввуми омодагиҳо дар охири моҳи январ дар Норак оғоз мегардад, сипас мунтахаб дар аввали моҳи феврал ба Қатар барои тамринот ва анҷоми бозии дӯстона бо мунтахаби миллии он кишвар сафар мекунад.

Баъдан, мунтахаби миллии Тоҷикистон равонаи Шри-Ланка мешавад ва дар он ҷо дар нимаи дуввуми моҳи феврал барои ба даст овардани Ҷоми чолиш ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё талош хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG