Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми шаҳрванди Сомалӣ дар сӯиқасд ба ҷони рассом


Алайҳи шаҳрванди 28-солаи Сомалӣ, ки ному насабаш ифшо нашудааст, расман иттиҳоми талоши сӯиқасд ба ҷони рассоми даниягӣ Курт Вестергорд эълон шуд. Вестергорд муаллифи корикатурҳо ба паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафост, ки нашри онҳо боиси қаҳру ғазаб ва эътирозҳои шадиди мусалмонҳои олам шуда буд. Шоми рӯзи ҷумъа як шаҳрванди Сомалӣ талош кард, ки то ба рассом дар манзилаш дар шаҳри Вибюи Дания ҳамла кунад. Ва аммо кормандони полис ба ҷойи ҳодиса расида, ӯро маҷрӯҳ карданд. Айни ҳол ӯ дар бемористон таҳти назорати табибон ва полис қарор дорад. Ба иттилоъи хадамоти кашфи Дания, фарди ҳамлагар бо созмони ифротгарои мавсум ба “Ал-Шубоб” робитаи наздик дорад.
Ёдовар мешавем, аввалҳои соли 2008 ҳам сӯиқасд ба ҷони Курт Вестергорд сурат гирифта буд. Он замон полиси Дания панҷ нафари гумонбар дар ташкили сӯиқасдро боздошт карда буд.
XS
SM
MD
LG