Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониёни таркиш дар Покистон


Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар шаҳраки Лакки Марват, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, то ба 93 нафар расид. Ин ҳамла рӯзи ҷумъа аз сӯи як маргталаб ҳангоми мусобиқаи волейболбозони ду деҳа сурат гирифт.
Мақомоти Покистон мегӯянд, ки ҳамлаи террористӣ - посухи ошӯбгарон ба мардуми ин мавзеъ аст, ки гурӯҳҳои ниманизомӣ созмон дода, ҷангҷӯёни Толибонро аз минтақа берун кардаанд.
Таркиш дар шаҳраки Лакки Марват - яке аз серталафоттарин ҳамлаҳои террористии моҳҳои ахир дар Покистон маҳсуб мешавад. 28 октябри соли гузашта инфиҷор дар бозори шаҳри Пешовар ба риштаи умри 120 нафар миқроз зада буд.
Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар вокуниш ба ин ҳодиса гуфт, ки “ИМА пуштибонӣ аз мардуми Покистон дар муборизааш бо ифротгароӣ ва талошҳояш барои таҳкими демократияро идома хоҳад дод”. Вазорати умури хориҷии Бритониё ин ҳамларо “ваҳшатбор” хонда, изҳор намуд, ки он баёнгари зарурати тақвияти муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи тундгароист.
XS
SM
MD
LG