Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як сӯиқасди ноком ба ҷони Курт Вестергорд


Дар Дания тафтиши қазияи сӯиқасди навбатӣ ба ҷони рассом Курт Вестергорд шурӯъ шудааст. Вестергорд муаллифи корикатурҳои Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафост, ки нашри онҳо боиси эътирозҳои шадиди мусалмонҳои олам шуда буд. Шоми рӯзи ҷумъа як муҳоҷири 28-сола аз Сомалӣ талош кард, ки то ба рассом дар манзили зисташ дар шаҳри Вибю ҳамла кунад. Ва аммо кормандони полис ба ҷойи ҳодиса расида, ӯро маҷрӯҳ карданд. Ба иттилоъи хадамоти кашфи Дания, фарди ҳамлагар бо созмони ифротгарои мавсум ба “Ал-Шубоб” робитаи наздик дорад.
Аввалҳои соли 2008 ҳам сӯиқасд ба ҷони Курт Вестергорд сурат гирифта буд. Ба иттилоъи Радиои Озодӣ, он замон кормандони полиси Дания панҷ нафари гумонбар дар ташкили сӯиқасдро боздошт карда буданд.
XS
SM
MD
LG