Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Абдумуталлаб амри "Ал-Қоида"-ро иҷро мекард


Умар Фаррух Абдумуталлаб, ки мехост як ҳавопаймои мусофирбари амрикоиро инфиҷор кунад, аз сӯи созмони “Ал-Қоида” дар Яман мавриди тамрин қарор гирифта буд. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ахиран иттилоъ дод, ки шаҳрванди 23-солаи Нигерия узви гурӯҳи “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон аст ва ин созмон ӯро бо маводи мунфаҷира таъмин карда, барои тарконидани ҳавопаймои хатсайри Амрико сафарбар намудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 декабр Умар Фаррух Абдумуталлаб талош кард то дар ҳавопаймое, ки аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард, маводи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо садди роҳаш шуданд. Масъулияти ин ҳамлаи номуваффақро созмони “Ал-Қоида” дар Яман бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки аз ин роҳ мехост ба амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматии Яман алайҳи ошӯбгарони “Ал-Қоида” посух гӯяд. Гуфта мешавад, ки дар ин амалиёт низомиёни амрикоӣ ҳам ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG