Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамла дар Покистонро маҳкум мекунад


Ҳамлаи террористӣ дар шаҳраки Лакки Марват, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, аз сӯи мақомоти кишварҳои абарқудрати олам маҳкум карда шуд, Ин ҳамла рӯзи ҷумъа аз сӯи як маргталаб ҳангоми мусобиқаи волейболбозони ду деҳа сурат гирифт ва бар асари он 90 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар вокуниш ба ин ҳодиса гуфт, ки “ИМА пуштибонӣ аз мардуми Покистон дар мубориза бо ифротгароӣ ва таҳкими демократияро идома хоҳад дод”. Вазорати умури хориҷии Бритониё ин ҳамларо “ваҳшатбор” хонда, изҳор намуд, ки он баёнгари зарурати муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи тундгароист.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Покистон ҳадс мезананд, ҳамлаи террористӣ - посухи ошубгарон ба мардуми ин мавзеъ аст, ки гурӯҳҳои ниманизомӣ созмон дода, ҷангҷӯёни Толибонро аз минтақа берун кардаанд.
Таркиш дар шаҳраки Лакки Марват яке аз серталафоттарин ҳамлаҳои террористии моҳҳои ахир дар Покистон маҳсуб мешавад. 28 октябри соли гузашта инфиҷор дар бозори шаҳри Пешовар ба риштаи умри 120 нафар миқроз зада буд.
XS
SM
MD
LG