Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобкориҳои заминларза дар Ванҷ


Бар асари заминларзаи шадид дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони кӯҳистон, тибқи иттилоъи пешакӣ, даҳҳо бино ва манзилҳои зист хароб шуда, ду нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Юсуфҷон Исҳоқов, раиси ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳия, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки заминларза соати 7.15-и субҳи имрӯз ба вуқӯъ пайваст ва бар асари он фақат дар маркази Ванҷ 10 манзили истиқоматӣ, як бинои дуошёнаи иборат аз 12 хона, биноҳои бемористон ва нозироти андоз тахриб шудааст. Ӯ бо ишора ба мутахассисон афзуд, ки нерӯи заминларза аз 5 балл тибқи дараҷаи Рихтер бештар буд.
Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ ва мушаххассозии миқёси харобкориҳои офати табиӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG