Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабҳо ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ табдил меёбанд


Аксари кулли қитъаҳои раъйдиҳӣ ва комиссияҳои қитъавӣ дар Бадахшон дар бинои мактабҳои минтақа фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи Таваккал Рамазонов, раиси комиссияи вилоятии интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, аз 284 қитъаи раъйдиҳии таъсисшуда танҳо даҳтояшон дар муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар биноҳои маъмурӣ ва боқимонда дар биноҳои мактабҳо ҷой дода шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан садорати вилоятии аҳзоби назҳати ислом ва сотсиал- демократ дар як баёния бо изҳори нигарони аз табдили макотиб ба саҳнаи набардҳои пешазинтихоботӣ нигаронӣ карда буданд.

Аммо ба гуфтаи раиси комиссияи вилоятии интихоботӣ, бинобар мавҷудияти шароити беҳтар барои фаъолияти комиссияҳои қитъавӣ ва раъйдиҳӣ муассисоти таълимӣ ҷойи баргузории раъйдиҳӣ боқӣ мемонанд.

Аммо ба фикри раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов, адами шароит барои фаъолияти комиссияҳои қитъавӣ ва ҷойи раъйдиҳӣ дар биноҳои фарҳангӣ ва маъмурӣ баҳона буда , ин ниҳодҳо чун ҳарвақта барои осонии кор мехоҳанд «дар бардоштани бор»-и маъракаи сиёсӣ аз имконот ва нерӯи муассисоти маориф истифода кунанд.

Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, агарчи дар бештари маҳаллҳо хонаҳои фарҳангӣ ва клубҳо хароб шудаанд, вале имконият вуҷуд дорад, ки мактабҳо озод ва ҳадди аққал 50 дарсади қатъаҳои раъйдиҳии минтақа метавонанд дар муассисоти ғайритаълимӣ ҷой бигиранд.

Ба комимссиюни интихоботии вилоятӣ намондагони шаш ҳизб - ҲХДТ, ҲКТ, ҲСДТ, ҲНИТ, ҲДТ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва ашхоси ғайриҳизби дохил шудаанд. Дар Бадахшон 314 мактаб фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 45 ҳазор толибилм дарс мехонад.
XS
SM
MD
LG