Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни сӯхтор дар тарабхона


Шаби гузашта боз як зани дар тарабхонаи “Хромая лошад” ҷароҳатбардошта аз олам даргузашт ва теъдоди қурбониёни ҳодиса ба 154 нафар расид. Айни ҳол 61 нафар таҳти назорати табибон қарор доранд ва вазъи бештари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Оташсӯзӣ дар тарабхонаи “Хромая лошадь”-и шаҳри Перми Русия шаби шанбеи 5 декабри соли гузашта бар асари бетафовутӣ ба таъмини амният аз сӯхтор рӯх дод. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда панҷ нафар, аз ҷумла, соҳиби тарабхона Анатолий Зак ва раиси хадамоти оташнишонии устони Перм Владимир Муҳиддинов, боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG