Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузорӣ ҳангоми сабқати варзишӣ дар Покистон


Рӯзи ҷумъа бар асари бомбгузории маргталабона ҳангоми қуваозмоии волейболбозон дар шаҳри Лакки Марват воқеъ дар шимолу ғарби Покистон ҳадди ақалл 30 нафар кушта ва 50 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳабибуллохон раиси полиси ноҳияи Бонну гуфт, ҳамла замоне рӯй дод, ки мардуми зиёд барои тамошои қуваозмоии дастаҳои волейболи ду деҳа ҷамъ шуда буданд. Афсари полис Аюбхон бар ин бовар аст, ки таркиш ҷавоб ба сокинони ин деҳот аст, ки гурӯҳҳои ниманизомӣ ташкил дода, ҷангҷӯёнро аз қаламраври зери назораташон ихроҷ кардаанд. Лакки Марват дар наздикиҳои ду вилояти ноороми Покистон Вазиристони Ҷанубӣ ва Шимолӣ ҷойгир аст
XS
SM
MD
LG