Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси ҳомии 82 солаи ҳуқуқи башар дар Русия


Рӯзи ҷумъа парламенти Аврупо Русияро ба хотири ҳабси зани 82 сола дар рафти эътирозҳои 31-уми декабр мавриди интиқод қарор дод. Раиси парламент Иржи Бузек гуфт , ӯ аз ҳабси ҳомии ҳуқуқи башар Людмила Алексеева ба даҳшат афтода, он амалро " комилан номуносиб" мешуморад. Рӯзи панҷшанбе ҳангоми пахши аввалин ахбор дар бораи муносибати ғайри қобили қабул дар муқобили Алексеева Қасри Сафед ибрози нигаронӣ карда буд. Алексеева яке солхӯрдатарин ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия буда, асосгузори Гурӯҳи Ҳелсинкии маскав ба шумор меравад. Хабаргузории Интерфакси Русия маълумот медиҳад, ки аснои ҳабс Алексеева дар ҷамъомади эътирозӣ ширкат варзида, аз ҳукумат тақозо дошт, ҳаққи шаҳрвандон ба ташкили ҷамъомадҳоро эҳтиром кунанд.
XS
SM
MD
LG