Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: "Гаравгон муддатеро дар Эрон гузаронидааст"


Ба гуфти низомиёни ИМА шаҳрванди Британия, ки соли 2007-ум ба гарав афтида, ҳафтаи гузашта раҳо шуд, ҳадди ақалл бахше аз асораташро дар Эрон сипарӣ карда буд. Дар Бағдод фармондеҳи минтақавии нерӯҳои ИМА генерал Дейвид Петреус иброз дошт, мутахассиси компютер Питер Мур ҳадди ақалл бахше аз гаравгониашро дар Эрон гузаронидааст. Мур рӯзи чоршанбе баъди дуву ним соли баҳсу талош сиҳату саломат раҳо шуд. Дар ин байн чор муҳофизи ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрванди Британия буданд, эҳтимолан ба қатл расидаанд. Мур бо муҳофизионаш моҳи маи соли 2007-ум аснои ҳамлаи гурӯҳи иборат аз 40 силоҳбадасти шиамазҳаб аз бинои вазорати молияи Ироқ рабуда шуд.
XS
SM
MD
LG