Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 7 афғони осоишта ва ду толиб дар Ҳилманд


Мансабдорони афғон мегӯянд, бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ҳафт фарди осоишта ва ду толиб ба қатл расида, як шахси осоиштаи дигар захм бардоштааст. Довуд Аҳмадӣ сухангӯи волии Ҳилманд мегӯяд, амалиёти ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ рӯзи чоршанбе баъди ҳамлаи ошӯбгарон болои патрул ё худ гашти сарбозони онҳо ба вуқӯъ пайваст. Паймони НАТО иброз доштааст, ки ин хабарро таҳқиқ дорад. Ин иддаои дуюми ҳамлаи нерӯҳои байналмилалӣ болои мардуми осоишта дар як ҳафтаи ахир аст. Ҳукумати Афғонистон изҳор намуд, ки охири ҳафтаи гузашта ҳамлаи шабона дар яке аз деҳоти вилоят Кунар ҳаёти даҳ нафар ва аз ҷумла ҳашт кӯдаки мактабхонро аз байн бурд.
XS
SM
MD
LG