Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар саросари дунё, аз Маскав то Париж, аз Окленду Сидней то Бейрут, аз Пекину Токио то Душанбе аз Соли Нав бо шукӯҳу шаҳомат ва бо фейерверкҳои диданӣ таҷлил карданд.

Нахустин шуда, соли 2010 меҳмони кишварҳои минтақаи Уқёнусия гардид. Ҳанӯз замоне, ки соат дар Душанбе 4-и бегоҳ буд, аз Скай Тауэр, бузургтарин бурҷи бузургтарин шаҳри Зеландияи Нав – Окленд, садои таркиши фейерверкҳо бо нидоҳои шодии ҳазорҳо мардуми дар майдон гирдомада омехт.

Барои фейерверки халиҷи Сидней дар Австралия панҷ ҳазор кило маводи пиротехникӣ ва 240.000 доллар сарф шудааст. Мардуми маҳаллӣ ва сайёҳон барои он ки аз дидани ин зебоии 12-дақиқаина маҳрум намонанд, аз субҳи содиқ дар назди халиҷ ҷой мегирифтанд.




Дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио Соли Навро ба таври анъанавӣ - бо занги зангӯлаҳо дар нисфишаб таҷлил карданд. Даҳҳо ҳазор чиноӣ дар интизории анҷоми охирин сонияҳои соли кӯҳан ва фарорасии нахустин дақиқаҳои соли нав дар маркази Пекин гирд омада буданд. Садҳо фейерверк аз биноҳои осмонбӯси Гонконг ба само парвоз карданд.

Аммо таҷлил аз Соли Нав дар Филиппин ба ҳузн табдил гашт. Мушкил дар партофти фейерверкҳо ба тақрибан 200 нафар зарари ҷисмонӣ расонид.

Дар Тоҷикистон дар боғи Дӯстӣ ду соат консерт бо фейерверк анҷом ёфт. Нисфишаб садои таркиши садҳо маводи пиротехникӣ аз тамоми гӯшаву канори шаҳр гӯшҳоро кар мекард ва бӯйи ғализ ҳама ҷоро фаро гирифта буд.

Майдони Сурхи Маскав имшаб мизбони беш аз 120.000 меҳмон буд. Фейерверкҳои рангоранг осмонҳои Парижу Лондон ва марказҳои дигари аврупоиро низ оро дод. Манораи Эйфел низ бо рангҳои гуногун оро ёфта буд. Дар Ҳолландия тибқи қонун танҳо шаби Соли Нав иҷозаи истифода азм аводи пиротехникӣ ҳасту халос, ки аз он мардум ба хубӣ имшаб истифода бурданд. Дар Ватикан ба муносибати анҷоми сол Попи Рум ба ибодат пардохт.

Пас аз Аврупо навбати Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ расид. Қариб як миллион нафар дар Таймс-сквери Ню-Йорк соли навро пешвоз гирифтанд.

Дар охирин рӯзи соли кӯҳан ҳамчунин мардуми бархе аз қисматҳои сайёра шоҳиди ҳодисаи ғариб – маҳтоби кабуд низ шуданд. Сарфи назар аз чунин ном ин падида ҳеҷ рабте ба ранги кабуд надорад. Ба ҳисоби миёна, маҳтоби кабуд 2,5 бор ҳар сол зоҳир мешавад, вале дар охирин рӯзи сол танҳо як бор дар 19 сол падид меояд. Дафъаи дигар соли навро ҳамроҳ бо маҳтоби кабуд дар 31-уми декабри соли 2028 мардум шоҳид хоҳад буд.


Акс ё пораи навори видеоӣ аз таҷлили соли нав дар Душанбе ё ягон гӯшаи дигари дунё доред? Ба дигарон низ нишон бидиҳед – tajikweb@rferl.org

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG