Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон сарвари САҲА гардид


Сар аз рӯзи якуми январи соли 2010 Қазоқистон раҳбари даврии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро бар ӯҳда гирифта, таъкид кард, ки бо назардошти манфиатҳои 56 кишвари узв аз арзишҳои аслии ин ниҳоди амниятӣ ҳимоят намуда, баҳри муколамаи таҳкимбахшандаи амният дар фазои Авроосиё талош хоҳад варзид.

Қаноат Саудабоев вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, ки раҳбарии маъмурии САҲА-ро бар дӯш гирифтааст, мегӯяд: "Қазоқистон аввалин кишвари осиёӣ ва аввалин ҷумҳурии собиқ шӯравист, ки ба раҳбарии ин созмони мӯътабар мушарраф гаштааст. Ин амр шаҳодати он аст, ки САҲА ба ҳамаи кишварҳои узв ҳуқуқи баробар дода, дар айни замон Қазоқистонро кишвари аз нуқтаи назари стратегӣ муҳим арзёбӣ мекунад."

Соли 2009-ум раҳбарии САҲА-ро Юнон бар ӯҳда дошт. 14-уми январ дар мақарри ин созмон дар шаҳри Вена Саудавбоев расман раҳбарии солонаи созмонро бар дӯш гирифта, авлавиятҳои кишвараш дар садри ин созмонро ба ниҳоди калидии САҲА, яъне ба Шӯрои доимии он ошкор хоҳад кард.

Вақте Қазоқистон номзадиашро ба раҳбарии солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо пешниҳод карда буд, ИМА ва Британия бо ишора ба камбудиҳои ҳокимияти худкома иброз доштанд, ки зоҳиран ин кишвари Осиёи Марказӣ аз ӯҳдаи ташвиқи демократияву ҳуқуқи башар дар 56 мамлакати узви ин созмон баромада наметавонад. Вале бо ёрии Русия ва Олмон, ки он замон раҳбарии даврии Иттиҳоди Аврупоро бар ӯҳда дошт, нигарониҳо рафъ шуданду ин кишвари саршор аз маводи сӯхт раҳбари даврии САҲА дар соли 2010-ум пазируфта шуд. Олмон бар ин ақида буд, ки раҳбарии созмони мӯътабар Қазоқистонро ба ислоҳоти демократӣ водор менамояд ва дар ниҳояти амр ин кишвар ҳамчун намуна ба мамолики дигари минтақа хидмат хоҳад кард.

Ҳафтаномаи “The Economist”, чопи Лондон, менависад, то ҳадде пешбинии сиёсатмадорон дуруст баромад. Қазоқистон қонунҳои интихобот, сабти номи ҳизбҳои сиёсӣ ва маъбуотро ислоҳ намуд. Вале, ба навиштаи муаллифони мақола дар «Экономист», тирамоҳи соли гузашта қобилияти раҳбарии САҲА аз тарафи Қазоқистон бори дигар мавриди таваҷҷӯҳ ва нигаронӣ қарор гирифт. Моҳи декабр дар Юнон дар маҷлиси солонаи вазирони корҳои хориҷии 56 кишвари узви САҲА таъкид шуд, ки бар пояи меъёрҳои САҲА дар Қазоқистон ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду одилона доир нашудааст. Пас чӣ гуна ин кишвар раҳбарии назорати интихобот дар мамолики дигари узви ин созмонро бар дӯш мегирад.

Ҳомиёни маҳаллии ҳуқуқи башар мегӯянд, баъди тасдиқи раҳбарии даврии Қазоқистон дар САҲА вазъ дар ин кишвар ногувортар шудааст. Ба гуфти онҳо таъқибу ҳамла болои рӯзноманигорони мустақил ва ҷамоаҳои динӣ бештар шуда, дар амал раҳбарии даврӣ ба Қазоқистон на як имкони тавсеаи демократияву ҳуқуқи башар, балки ба як василаи таърифу тавсифи ба истилоҳ имиҷи Қазоқистону президенти он Нурсултон Назарбоев табдил ёфтааст.

Аммо ҳомиёни Қазоқистон бар ин ақидаанд, ки ногувор шудани вазъ ба бӯҳрони иқтисодӣ иртибот дорад. Онҳо меафзоянд, ки дар даврони мушкилиҳо ҳар ҳукумат саъй мекунад, назоратро таҳким бахшад.

Шореҳони тоҷикистонӣ раҳбарии Қазоқистонро ҳамчун амри мусбат дар сатҳи минтақа арзёбӣ намуда, бовар доранд, ки ин кишвар мушкилиҳои Осиёи Марказиро дар маркази таваҷҷӯҳи САҲА қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG