Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ахбори хунин аз Афғонистон


Эътирози мардум дар Кобул ба ҳалокати афроди ғайринизомӣ
Эътирози мардум дар Кобул ба ҳалокати афроди ғайринизомӣ

Ду сухангӯи гуногуни Толибон иддао кардаанд, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳарду бомбгузории рӯзи 30 декабр дар Афғонистонро бар дӯш мегирад.

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, бомбгузорӣ дар пойгоҳи низомии Хустро, ки мунҷар ба ҳалокати 8 амрикоии ғайринизомӣ шуд, як толиби маргталаб либоси низомии урдуи давлатӣ дар тан анҷом додааст.
Хабаргузориҳо кушташудаҳоро кормандони CIA, Идораи марказии истихбороти Амрико меноманд, вале Амрико ин иддаоро ҳанӯз ташреҳ накардааст.

Сухангӯи дигари Толибон Қорӣ Муҳаммадюсуф Аҳмадӣ ҳамин тавр, аз номи ин гурӯҳ хабар додааст, ки масъулияти таркиши бомби рӯироҳ дар вилояти ҷанубии Қандаҳорро, ки мунҷар ба ҳалокати 4 сарбози Канада ва Мишел Ланг, як зани хабарнигори низ канадоӣ шуд, низ Толибон бар ӯҳда мегиранд.

Бо ин ҳол, мақомоти Афғонистон рӯзи 31 декабр эълон карданд, ки ҷиҳтаи таҳқиқи қазияи ҳалокати 10 нафари ғайринизомӣ дар наздикии шаҳри Лашкаргоҳ, воқеъ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд, тасмим гирифтаанд. Бино ба хабарҳо, ин 10 нафар дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои НАТО кушта шудаанд.

Хабари ҳалокати афроди ғайринизомӣ дар Ҳилманд ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз кушта шудани 8 сокини маҳаллӣ дар вилояти Кунар нашр шуд. Ин афрод низ бовар меравад, ки ғайринизомӣ бошанд. Вале паймони НАТО, ки фармондеҳии нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистонро бар ӯҳда дорад, ҳамчунон исрор меварзад, ки афроди кушташуда дар задухӯрди Кунар ҷангиёни мусаллаҳ буданд, на атфоли бесилоҳ, ки мақомоти маҳаллӣ мегӯянд.

Хабари дигари хушунатомез аз Афғонистон аз вилояти Урузгон расид. Раҳбари пулиси ин вилояти воқеъ дар ҷануби Афғонистон Ҷумъагул Ҳимо гуфтааст, ки ҷангиёни толиб 6 афғонро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои давлат сар буридаанд.
XS
SM
MD
LG