Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон ба хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додааст, пулҳое, ки дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли 2009 тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ин пулҳо аслан аз муҳоҷирони кории тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ, ба вижа аз Русия, фиристода шудаанд. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 11 дарсад бештар будааст.

Аммо бар асоси як хабари дигар, интиқоли сармояи муҳоҷирони кории тоҷик ба Тоҷикистон 40 дарсад коҳиш ёфта ва баробар ба 1 миллиарду 300 миллион доллар будааст. Дар бораи маблағи се моҳи ахир то ҳол маълумот мунташир нашудааст.

Наворбардори радиои «Озодӣ» дар хиёбонҳои Душанбе аз мардуми мунтазири кӯмаки молии муҳоҷирони корӣ суол кард, ки вазъи муҳоҷирон дар соли 2009 чӣ гуна буд?



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG