Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳияи идонаи мардум дар арафаи Cоли нави мелодӣ имрӯз қабл аз ҳама дар бозорҳои шаҳри Душанбе эҳсос мешуд. Садоҳои баланди аробакашҳо, халтаҳои пурбори харидорон, ташвишу серкории фурӯшандагон, хулоса бозорҳои бе ин ҳам сершавқуну пурсадои пойтахт имрӯз бештар аз дигар рӯзҳо пурғавғову пуродам буданд.

Таҷлили Соли навро аксари сокинони кишвар, ки имрӯз таътил доштанд, аз бозорҳо шурӯъ карданд. Бо вуҷуди он, ки дар остонаи ид нархи молу маҳсулот дар бозорҳо боло рафтааст, аммо ба нақли ҳамсӯҳбатҳои мо, онҳо кӯшиш мекунанд, мувофиқи имконот бо дастурхони пур Соли навро пешвоз бигиранд.

Санавбар, як мусоҳиби мо, ки низ аз бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт барои шоми имрӯз меваҷоту торт харидааст, мегӯяд, субҳи имрӯз маблағе, ки ҳамсари муҳоҷираш барои ҷашнгирии Соли нав ва хурсандии фарзандонаш ирсол намудааст, гирифтаву рост ба бозор омадааст.

Арчаи имсолаи солинавӣ дар маркази пойтахт 21 метр баландӣ дорад
Аммо барои мусоҳиби дигари ман, ки худро Садаф муаррифӣ кард, ин рӯз аз дигар рӯзҳои маъмулӣ ҳеҷ тафовуту аҳамияте надоштааст. Хонум Садаф мегӯяд, ин рӯзро ӯ чун соли нав қабул намекунад ва руҳияи идона ҳам надорад. Аммо, мегӯяд вай, танҳо ба хотири хурсандии фарзандони хурдсолаш ва ба хоҳиши онҳо мисли дигарон дастурхон ороставу барои онҳо муҳити идонаро фароҳам мекунад.

Аммо дар гирди арчаи бузурги пойтахт, ки бо дарозии 21 метр дар маркази шаҳр қомат афрухтаву бо чароғакҳои рангоранг чарх мезад, имрӯз аз субҳ мардуми зиёде ҷамъ омадаанд. Аксарият кӯдакону наврасонанд, ки бо либосҳои мухталифи идона аз ҷумла қаҳрамонҳои солинавӣ бо волидони худ барои дидани арчаву аксгирӣ бо бобоҳои барфӣ - рамзи аслии ин ҷашн омадаанд.

Зимнан шумори бобоҳои барфӣ, ки бо риши сафеду халтаи тӯҳфаҳои худ пеш аз ҳама ба кӯдакон хурсандӣ меоранд, дар ин майдон зиёданд. Аксари онҳо аккосонанд, ки дар ин рӯз либоси бобои барфӣ ба бар карда, бо ин роҳ бозори аксгириро гарм мекунанд.

Ба ин тартиб хиёбонҳои марказии Душанбе низ имрӯз аз одам пур буданд ва дар чаҳор боғи фароғатии шаҳр барномаҳои мухталифи идона баргузор шуд. Аммо базми аслӣ шоми имрӯз дар майдони “Дӯстӣ” идома хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG