Пайвандҳои дастрасӣ

Пешбарии номзадҳо ба ҳавзаҳои инфиродӣ оғоз ёфт


Сар аз 30 декабр дар Тоҷикистон марҳалаи пешбарии номзадҳо ба ҳавзаҳои инфиродии интихоботи парлумонӣ расман оғоз ёфт. Дар Тоҷикистон 41 ҳавзаи инфиродӣ таъсис ёфтааст, ки ҳар кадоми онҳо як вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистонро интихоб хоҳад кард. Муҳибуллоҳ Додоҷонов, раиси дастгоҳи Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтааст, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҳамин тавр афроди ғайриҳизбӣ аз тариқи худпешбарӣ ҳаққи номзад шудан ба вакилии парлумонро доранд.
8 ҳизби сиёсии расман сабтиношуда дар Тоҷикистон номзадҳои худ ба ҳавзаи ягонаи ҳизбиро, ки дар он 22 вакили парлумони оянда интихоб хоҳад шуд, алакай пешбарӣ кардаанд.
Интихоботи саросарии парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 28 феврали соли 2010 баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG