Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон ва Алмаато - дар маркази моҷарои нави ураниум


Эрон иттилоъи расонаҳои хабарӣ дар бораи талоши харидории ураниуми ғанишуда аз Қазоқистонро рад кард. Намояндаи Эрон дар СММ дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер ин иттилоъро бепоя "фишори равонӣ болои Теҳрон" номидааст.

Дирӯз хабаргузории Ассошиэйтед Пресс бо такя ба кормандони хадамоти кашф хабар дод, ки Эрон талоши харидории 1 ҳазору 350 тонн ураниуми Қазоқистон бо қимати 450 миллион долларро дорад. Дар вокуниш ба ин иттилоъ сухангӯи департаменти давлатии Амрико рузи 29 декабр ҳушдор дод, ки фурӯши ураниум ба Эрон – хилофи қатъномаи Шурои Амрияти СММ дар мавриди Теҳрон хоҳад буд.

Мақомоти Қазоқистон ҳам иттилоъ дар бораи созиши хариду фурӯши уран бо Теҳронро қатъиян рад карданд. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Қазоқистон Ержан Ашикбаев ба бахши қазоқии радиои Озодӣ гуфт, ки Остона қойдаву шартҳои байналмилалии паҳн накардани маводи ҳастаиро ҳеҷ гоҳ вайрон накардааст ва онхоро пурра иҷро мекунад.

Вай азфуд, “Ҷумҳурии Қазоқистон ӯҳдадориҳои байнулмилалиашро ҳаматарафа иҷро мекунад ва ин ба бахши ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи ҳастаӣ ва ураниум дахл дорад. Ҳамаи фаъолиятҳои Қазоқистон мутобиқи талабот ва меъёрҳои Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ сурат мегиранд”.

Зимнан, ин бори аввал нест, ки Қазоқистонро дар имкони фурӯши ғайриқонунии ураниум ба Эрон муттаҳам мекунанд. Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, каблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Остонаву Теҳрон дар ин бора гуфтушунидҳои махфӣ анҷом дода буданд.

Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи ураниум Қазоқистон ҷои аввалро касб карда, дар муқоиса бо соли гузашта тавлиди ин маводро 58 дарсад афзоиш додааст. Дар ҳоле, ки Эрон ҳам вуҷуди чунин қарордодро қатъиян рад мекунад, саволе ба миён меояд, ки дар паҳншавии чунин хабару иддаҳо кӣ манфиатдор аст?

Бархе таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки дар арафаи бар ӯҳда гирифтани раёсати Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо ҷониби Қазоқистон гумон аст, ки ба чунин як иқдоми бидуни андеша даст занад. Ин таҳлилгарон ҳадс мазананд, ки дар расонахои хабарӣ паҳн шудани ин иттиҳомот алайҳи Теҳрон шояд ҳадафҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дошта бошад.
XS
SM
MD
LG