Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳакимов ва Восиев - беҳтарин футболбозони сол


Назарсанҷие, ки торнамои интернетии “Футболи тоҷик” анҷом додааст, Нӯъмон Ҳакимов, футболбози тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009, ва Дилшод Восиев, бозигари тими “Истиқлол”-и Душанберо беҳтарин футболбозони Тоҷикистон дар соли 2009 эълон кард.
Ҳакимов ва Восиев дар ин назархоҳӣ ҳар кадом 33 дарсади раъйи мувофиқи пурсидашудагонро ба худ ихтисос додаанд.
Мураббии “Вахш” Аслиддин Ҳабибуллоев, тибқи ин назархоҳӣ, мураббии сол ва Фарҳод Восиев, капитани дастаи ҷавонони тими “Сатурн”-и Раменское, ки дар чемпионати Русия ҳунарнамоӣ мекунад, беҳтарин легионери тоҷик дониста шуданд.
XS
SM
MD
LG