Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол аз дасти скинҳедҳо 7 тоҷик кушта шуд


Дафтари ҳуқуқи башари Маскав мегӯяд, тайи соли 2009 дар Русия бо дасти гурӯҳҳои қавмгаро, ё худ скинҳедҳо, 7 шаҳрванди Тоҷикистон кушта кушта ва 18 тоҷики дигар осеб дидаанд.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар маҷмӯъ дар соли 2009 218 мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои скинҳед ба муҳоҷирини хориҷӣ дар Русияро сабт кардааст, ки бар асари ин ҳамалот ҷамъан 75 нафар кушта ва дастикам 284 нафар захмӣ шудаанд.
Ин рақам дар муқоиса бо соли 2008, ки дар Русия аз дасти гурӯҳҳои қавмгаро 120 нафар кушта ва беш аз 360 тан захмӣ шуданд, камтар аст.
Дар соли 2009 14 тан аз кушташудагон аз Узбакистон, 8 нафар аз Қирғизистон, 7 нафарӣ аз Тоҷикистон ва аз худи Русия ва 5 тан аз Озарбойҷон будаанд. Бештар аз ҳама мавориди ҳалокати муҳоҷирини хориҷӣ - 33 нафар- имсол дар шаҳру вилояти Маскав сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG