Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав қазияи ураниуми Қазоқистонро меомӯзад


Андрей Нестеренко, як сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Маскав гузоришҳо дар бораи имзо шудани созишномаи махфии фурӯши ураниум миёни Қазоқистону Эронро таҳти таҳқиқ қарор хоҳад дод. Нестеренко гуфт, қатъномаи рақами 1737-и Шӯрои Амнияти СММ қатъиян фурӯхтани маводи ҳастаӣ ба Эронро манъ мекунад ва Русия бар ин бовар аст, ки ҳамаи давлатҳо бояд ин қатъномаро қотеъона риоят кунанд. Тайи рӯзҳои охир дар бора имкони ба Эрон фурӯхтани 1 350 тонна ураниумро баррасӣ кардани Қазоқистон чандин матлаб нашр шуд. Аммо ҳарду ҷониб – ҳам Қазоқистон ва ҳам Эрон вуҷуди ҳар навъ муомила миёни онҳо дар заминаи харидуфурӯши ураниумро радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG