Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозии як силоҳбадаст дар бозори Ҳелсинкӣ


Телевизиони Финландия ба таври мустақим дар бораи марди мусаллаҳе гузориш медиҳад, ки дар як растаи тиҷоратӣ дар Ҳелсинкӣ, пойтахти ин кишвар ба тирандозӣ шурӯъ кардааст.
Бино ба гузоришҳо, теъдоди зиёди мошинҳои “ёрии таъҷилӣ” ба маҳалли ҳодиса расидаанд. Хабарҳои расида мегӯянд, бозорро дар пайи оғози тирандозӣ аз мардум тахлия кардаанд. Ҳанӯз дар бораи кушта ваё захмӣ шудани афрод бар асари ин тирандозӣ гузорише ба даст нарасидааст.
XS
SM
MD
LG