Пайвандҳои дастрасӣ

Ишқобод Ёлатани ҷанубиро ба ширкатҳои Осиё дод


Туркманистон бо чанд ширкати осиёӣ ҷиҳати истихроҷи газ аз кони бузурги Ёлатани ҷанубӣ шартнома бастааст. Маблағи умумии қарордоде, ки ширкати давлатии “Туркмангаз” бо ширкатҳои Чину Кореяи ҷанубӣ ва Имороти муттаҳидаи Араб имзо кард, дар ҳудуди 10 миллиард доллар рақам зада мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл нахустин лӯлаи гази байни Туркманистону Чин, ки аз кони Сомонтеппа қад-қади соҳили рости Амӯдарё кашида шудааст, расман боз шуд. Ин лӯлаи 1833-километрӣ қодир ба ҳамлу нақли то 40 миллиард метри мукааби газ дар сол аст. Туркманистон соҳиби бузургтарин конҳои гази табиӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG