Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи тунди додситонии кулли Қазоқистон


Додситонии кулли Қазоқистон хостори таҳқиқи ҳақиқат ё тӯҳмат будани гузоришҳое шуд, ки дар матбуот пиромуни ба Чин иҷора додани заминҳои кишт нашр шудаанд. Додситонии кулл аз мақомоти ҳуқуқӣ хостааст, ин матолибро аз нигоҳи ҳуқуқӣ арзёбӣ кунанд, ки то куҷо “таҳрикдиҳандаи хусумат ва адовати қавмист” ва то куҷо ҳомили таҳқир ба “шараф ва ифтихори миллӣ”?
Додситонии кулли Қазоқистон дар баёнияаш бидуни бурдани исмҳои мушаххас гуфтааст, “афроди шӯрандоз” аз расонаҳои хабарӣ ба қасди “ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ” ва хароб кардани равобити самимӣ миёрни Қазоқистону Чин сӯъиистифода мекунанд. Додситонӣ аммо афзудааст, ки қонуни замини Қазоқистон ба афрод ва ширкатҳои хориҷӣ фурӯхтани замину ҷангалҳоро дар ин кишвар манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG