Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон кормандони СIA кушта шудаанд?


Ҳашт шаҳрванди Амрико, ки бар асари маргталабона дар пойгоҳи низомии ИМА дар вилояти Хуст, воқеъ дар шарқи Афғонистон, кушта шуданд, шояд кормандони Хадамоти маркази кашф ваё CIA буданд. Дар ин бора нашрияи Washington Post хабар додааст. Дирӯз хабари ҳалокати ҳашт амрикоиро сафорати Амрико дар Кобул тасдиқ карда буд. Намояндаи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон эълом дошт, ки тибқи иттилоъи пешакӣ ҳама қурбониёни ҳодиса – афроди ғайринизомиянд. Ва аммо Хадамоти марказии кашфи Амрико то ҳол ба ин иттилоъ вокунише нишон надодааст.
Дирӯз дар вилояти Қандаҳор бар асари таркиши майни канори раҳ чаҳор сарбоз ва як хонуми хабарнигор ба ҳалокат расиданд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Канада буданд.
XS
SM
MD
LG