Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон хабари харидории уран аз Қазоқистонро рад кард


Эрон иттилоъи расонаҳои хабарӣ дар бораи талоши харидории ураниуми ғанисохташуда аз Қазоқистонро рад кард. Намояндаи Эрон дар СММ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки ин иттилоъ комилан бепояву бунёд аст ва бархе аз кишварҳо расонаҳои хабариро барои фишори равонӣ болои Теҳрон истифода мекунанд.
Дирӯз хабаргузории Ассошиэйтед Пресс бо такя ба кормандони хадамоти кашф хабар дод, ки Эрон талоши харидории 1 ҳазору 350 тонн ураниуми Қазоқистон бо қимати 450 миллион долларро дорад. Дар вокуниш ба ин иттилоъ сухангӯи департаменти давлатии Амрико рузи 29 декабр ҳушдор дод, ки фурӯши ураниум ба Эрон – хилофи қатъномаи Шурои Амрияти СММ дар мавриди Теҳрон хоҳад буд. Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Қазоқистон ҳам иттилоъ дар бораи созиши хариду фурӯши уран бо Теҳронро қатъиян рад карданд.
XS
SM
MD
LG