Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Адовати қавмӣ дар Русия коҳиш ёфтааст?


Соли 2009 дар Русия бар асари ҳамлаи гурӯҳҳои миллатгарову фошистӣ 75 нафар кушта шуда ва 218 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Аз Бюрои дифоъ аз ҳуқуқи башари Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки бештари ин ҳамлаҳо дар Маскав, Петербург, Чеченистон, Нижний Новгород ва вилояти Краснодар сурат гирифтаанд. Ҳамзамон ҳомиёни ҳуқуқи башар ба пойин рафтани сатҳи адовати қавмӣ ва мазҳабӣ дар Русия ишора мекунанд. Соли 2008 бар асари ҳамлаи гурӯҳҳои миллатгарои рус дар ин кишвар 130 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG