Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгони Британия дар Ироқ озод шуд


Дэвид Миллибанд-вазири умури хориҷаи Британия имрӯз гуфт, ки Питер Мур-шаҳрванди рабудашудаи ин кишвар дар Ироқ зинда аз гаравгонӣ раҳо шудааст. Вайро соли 2007 дар Ироқ рабуда буданд. Миллибанд дувуним соли боздошти Мурро солҳои "машаққат, тарс ва номаълумӣ" арзёбӣ кардааст. Мур 36 сол дорад ва коршиноси компютер аст. Вайро дар Бағдод шӯришиёне, ки дар тан либоси пулис доштанд, як ҷо бо 4 посбони британиаш рабуданд. 3 нафари онҳо баътар ба қатл расонда шуданд. Маҳали иқомати чаҳорумӣ то ҳол маълум нест. Мур то боздошт дар Бағдод дар як ширкати амрикоӣ кор мекард.
XS
SM
MD
LG