Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон хабари фурӯши уран ба Эронро рад кард


Имрӯз Қазоқистон хабар дар бораи даст доштанаш дар фурӯши урани ғанишуда ба Эронро рад кард. Дар як эъломия вазорати умури хориҷаи Қазоқистон гуфтааст, ки "чунин хабари матбуотиро дар бораи имкони созиш роҷеъ ба таъмини Эрон бо уран комилан рад мекунад. Ержан Ашикбаев-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Қазоқистон қаблан гуфта буд, ки фаъолиятҳои энержии ҳастаии Қазоқистон дар чаҳорчӯбаи муқаррароти Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG