Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози афғон ба сӯи сарбозони хориҷӣ тир кушодааст


Як сарбози афғон дар шаҳраки Боло Мурғоб-маркази вилояти Бодғиси Афғонистон ба сӯи нируҳои хориҷӣ оташ кушодааст. Дар ин ҳодиса як амрикоӣ кушта, ду сарбози итолёӣ захмӣ шудаанд. Сухангӯи нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ гуфтааст, сарбози амрикоӣ захмӣ шудааст ва баъдтар аз захми тир ҷон додааст. Ин ҳамла субҳгоҳон ҳангоми расондани кӯмакҳо анҷом гирифтааст. Бино ба ин хабар, ҷароҳати сарбозони итолёӣ ҷиддӣ набудааст ва онҳо ба иҷрои вазифаи худ идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG