Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Булғорҳо ба Афғонистон нируи изофӣ мефиристанд


Булғористон гуфтааст, соли 2010 ба Афғонистон 30 нафар низомии дигари худро мефиристад. Ин нируҳо зери фармондеҳии паймони НАТО дар Афғонистон фаъолият хоҳанд кард. Ҳукумати Булғористон гуфтааст, ин 30 нафар ба нируҳояш дар шаҳри Қандаҳор ҳамроҳ хоҳанд шуд. Онҳо амнияти фурудгоҳи ин шаҳрро таъмин мекунанд. Ҳоло 497 нафар низомиёни Булғористон дар Афғонистон мустақаранд ва 270 нафари онҳо дар фурудгоҳи Қандаҳор қарор доранд. Николай Младенов-вазири дифои Булғористон гуфтааст, то поёни соли 2010 кишвараш 70 нафари дигар ба Афғонистон мефиристад.
XS
SM
MD
LG