Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо кушта дар Ироқ дар ду бамгузории чаҳоршанбе


Дар ду бамгузории интиҳорӣ дар вилояти Анбари Ироқ дастикам 20 нафар кушта, волии ин вилоят ҷароҳат бардоштааст. Пулис мегӯяд, дар ҳамлаи аввал як мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар назди посгоҳи бинои волӣ Қосим Муҳаммад дар Рамодӣ мунфаҷир шудааст. Пулис мегӯяд, вақте, ки волӣ берун омад, то зарари ин ҳодисаро бубинад, бамгузори дигари интиҳорӣ дар либоси низомӣ барои ҳамла ба вай наздик шуд. Ин ҳамлакунанда дар иҳотаи афроди амниятӣ бами худро мунфаҷир кард. Дар ду ҳодиса, дастикам, 35 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG