Пайвандҳои дастрасӣ

Лавҳае дар Бишкек ба поси хотираи устод Айнӣ


Шаҳрдории Бишкек-пойтахти Қирғизистон пешниҳоди ҷамъияти тоҷикони муқими Қирғизистонро дар бораи насби лавҳаи ёдгорӣ дар яке аз хиёбонҳои марказӣ ба поси хотираи Садриддин Айнӣ иҷоза дод. Дар ин бора Қодиршоҳи Муруватшоҳ-муовини раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Бо ризояти шаҳрдории Бишкек як лавҳаи ёдгориро дар сари хиёбони устод Айнӣ мегузорем ва хушбахтона дар остонаи соли 2010 шаҳрдори Бишкек зери мусавваба имзо гузошт".

Ин лавҳаи ёдгорӣ ба се забон, тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ насб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG