Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латифаҳои хотирмони соли 2009


Соли 2009 аз нуктаи назари ҳаҷв ба қавле як соли “миёнаҳол” буд – ханда аз ҳад зиёд ҳам набуд ва бисёр кам низ не. Ҳатто ҳавнигорони писандидаи ман - гурӯҳи “Ғарибшо-Ко” низ соли 2009-ро бо таронаи соли 2008 таҳияшудаи “Пуламо” ба поён расонид.

Чунин ба назар мерасад, ки фарорасии Соли навро натанҳо ҳоло, балки дар даҳ соли ахир бештар аз ҳама вазирону кабирони тоҷик интизор мекашанд. Мепурсед, ки чаро?

Аввалин рӯйдоди сиёсии Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ сурат мегирад ва ин ҳам ҷаласаи солонаи ҳукумат. Ин ҷаласа аз тариқи ҳама шабакаҳои телевизионии кишвар пахш шуда, мардум шоҳиди саҳнаи ларзаву “сархамӣ” ва “забонгумкуниҳо”-и мансабдорон дар пеши раисиҷумҳур мешаванд.

Ва кулминатсияи ҳар ҷаласаи солона – тағйироти кадрӣ дар шохаҳои ҳукумат мешавад. Маҳз аз ҳамин чиз мансабдорон бештар “даступочак” мезананд.

Ёдам ҳаст, як рӯзномаи тоҷикӣ ба нақл аз табибони дармонгоҳи бемориҳои қалб навишта буд, ки дар шабурӯзи пеш ва баъд аз чунин ҷаласаҳо шумори беморонашон аз ҳисоби мансабдорон зиёд мешавад…

Ва ин латифаи хандадор низ пас аз анҷоми ҷаласаи солонаи ҳукумат дар моҳи январи 2009 тавлид шудааст.

ШӮХӢ БО ҲАЗРАТИ АЗРОИЛ


Як рӯз ҳазрати Азроил, бидуни огоҳӣ ба утоқи кории як вазири тоҷик ворид мешавад. Вазир рӯйи роҳаткурсӣ дар гарданаш мисли кӯдакҳо латтапораеро баста хӯрок мехӯрд.
Ҳазрат мепурсанд:
- Ҳа, вазир ба чӣ кор машғулӣ???
Вазир як худашро метаконаду сарашро аз болои косааш мебардорад. Аз тарс карахт шуда, мегӯяд:
- Бобоҷон, мама хуйсодам.
Ҳазрати Азроил ҳам паст наомада мегӯянд:
- Шери бобош, мамата хӯр, попота пӯш, ҳардумон тай-тай мерем!!!

Бо фаро расидани соли нави 2010 тапиши дили натанҳо мансабдорони ҳукуматӣ, балки вакилони парлумон ҳам бештар мешавад; Интихобот наздик меояд ва бархеҳо аллакай медонанд, ки дубора депутат намешаванд. Охир, на ҳамеша имкониятҳои мо бо хоҳишҳоямон баробар мешавад-ку!

Дар миёни мардум дар авохири соли 2009 латоифу зарофатгӯиҳо дар мавзӯи депутатҳо бештар ба гӯш мерасиданд, ки аслан камҳавсалагӣ, бетафовутӣ ва низ соддалавҳии онон танз мешавад.

"АКСИ МОРО КӢ ДУЗДИД?"


Депутатҳои парлумон вақте расмҳои худро дар рӯзномаи “Чароғи рӯз” мебинанд, ба қаҳр ва тарс омада аз ҳамдигар мепурсанд, “Кӣ аксҳои моро ба ин рӯзнома додаст?”
Вакилони мардумӣ миёни ҳам баҳс мекунанд, фикр мекунанд, ки миёни онҳо нафаре ҳаст, ки бо Додоҷони Атовулло робитаи пинҳонӣ дорад. Ниҳоят яке аз вакилон мегӯянд, ки охир расми ҳама вакилон дар сайти парлумон ҳаст-ку, шояд аз ҳамон ҷо Додоҷон гирифтааст…
Вакили солдидае овоз баланд мекунад:
- Ӯҳ, вай нобакор ба сайти мо чигуна роҳ ёфтааст? Бояд ҳамонеро ёфт, ки ӯро ба ин сайт роҳ додааст!

Ва ин аввалин ва охирин латифае оид ба содалавҳии депутатҳои тоҷик нест. Баъзан дар толори парлумон ҳам саҳнаҳоеро мушоҳида кардан мумкин, ки дастикам ду-се рӯзи оянда аз ханда худро дошта наметавонед ва бо табъи болида мегардед. “Ва ин саҳна ҳам бофта нест”, - мегӯянд.

"ЭПИДЕМИЯ ДАР ПАРЛУМОН"


Вакили Маҷлиси намояндагон барои қазои ҳоҷат рафта, ба ҷаласа дер ҳозир мешавад. Оҳиста-оҳиста ба толор ворид шуда, нӯг-нӯги по ба гӯшае омада мешинад. Ногоҳ мебинад, ки дасту рӯйи вакилони дигар ҳама нуқта-нуқта доғи сабз шукуфтааст. Бо ҳайрат аз нафари ҳампаҳлӯяш мепурсад:
- Чӣ, ягон эпидемия омадааст?
- Э, не-е, - бо кароҳият даст меафшонад ӯ, - кадом як депутати бетамиз носашро дар кондитсионер туф кардааст.


Дӯстони азиз, хафа нашавед, ки чунин депутатҳо дорем, инсофан бояд бигӯям, ки кори депутатии онҳо чандон бад ҳам нест.
Аммо қаҳрамони латифаҳо имсол натанҳо ҳамин депутатҳо буданд, балки онҳое ҳам мавриди танз қарор мегирифтанд, ки барои соҳиби курсии парлумон шудан, ба қавле “мусоидат кардаанд”. Қаҳрамони латифаи навбатӣ - соҳибмақоме аз Комиссиюни марказии интихоботист.

"САВОЛИ САНГИН"


Чанд сол аст, ки САҲА дар Тоҷикистон барои ҷавонон лагери тобистона ташкил мекунад. Аксар вақт он дар яке аз истироҳатгоҳҳои Қайроққум ташкил мешавад ва ба он аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҷавонон даъват мешаванд. Дар ин лагер ҷавононро бо асосҳои сиёсат, интихобот, давлатдорӣ ва мисли ин шинос мекунанд. Барои вохӯрӣ бо ҷавонон намояндагони аҳзоб ҳам бо навбат ташриф меоранд.
Ин навбат як гурӯҳ ҷавононро барои вохӯрӣ бо як мақоми КМИР ба Душанбе мебаранд ва дар он ҷо бо ӯ гуфтугӯ доир мекунанд.
Яке аз ҷавондухтарони русзабон, ки хеле фаъол буд, савол медиҳад:
– Уважаемый представитель комиссии, выборы 2005 года по мнению некоторых наблюдателей из ОБСЕ проходили с многочисленными нарушениями и активным вмешательством местных органов власти. Ваше мнение по этому поводу? Намояндаи комиссиюн бо даҳони кушода ӯро гӯш мекунаду ба шахсе, ки канори ӯ нишаста буд менигарад ва мегӯяд:
– Ин чи мега?


“Хандаҳоям гиря дорад, гиряҳоям хандае”, - гуфтааст бузурге.
Воқеан, ин ҳама латоифу зарофатгӯиҳо ба гунае бозгӯкунандаи воқеияти замон ҳам ҳастанд.
Фикр мекунед, фақат депутатҳои “безарар” имсол миёни мардум танз мешуданд? Неъа.
Гап байни худамон, латифаи навбатиро прокурорҳо нашунаванд, ки…

"КӢ ГУНАҲКОР?"


Шоми дирӯз мошини прокурор ба бинои китобхонаи шаҳрӣ бархӯрд. БДА муайян намуд, ки ҳини ба вуқӯъ пайвастани ин садама бинои китобхона ним метр аз нишондоди лоиҳавии иншоот ба пеш кӯчида будааст.

Хаста набошед, дӯстони азиз. Ҳоло нав 5 латифа хондед. Нерӯятонро барои шунидани боз 5 хушгӯии дигар ҳифз кунед.
Як дӯсти ҳаҷвнигорам мегӯяд, ки ҳама латифаҳо аз воқеаву рӯйдодҳои зинда сарчашма мегиранд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Масалан, ҳоло ки наздики як миллион тоҷикистонӣ дар муҳоҷирату мардикорист, ғайриихтиёр, ин тамоюл ҳам мавзӯъи аслии танзу зарофат мешавад…

Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов муваффақиятҳои вазорати худро дар соли 2009 таъриф карда гуфт, ки чун оина рӯйи каф аён аст. Ҳамагӣ 0,001%-и ҷавонони Русия медонанд, ки Тоҷикистон дар куҷо воқеъ аст, чӣ гуна давлат аст.
Вале тибқи натиҷагириҳои ахири як таҳқиқот, 99,9% мактабиёни Тоҷикистон на танҳо бохабаранд, ки Русия дар куҷост ва чӣ давлат аст, балки роҳи бо кадом воситаи арзону осон ва нисбатан бехавф расидан ба ин кишварро ба хубӣ аз худ кардаанд.
Ва дар ҳасрати татбиқи ин орзу ҳар рӯз пайти мувофиқ мепоянд.


Ҳама ба Роғун, ҳама барои Роғун! – Ин ҷумла мисле ки шиор шуд дар Тоҷикистони соли 2009.
Телевизиону радиои давлатӣ 90 дарсади барномаҳои худро ба рекламаи нерӯгоҳи Роғун бахшиданд. Мардумро ба хариди саҳмияҳои Роғун ташвиқ мекунанд. Имрӯз хабар шунидам, ки Ассотсиатсияи СОҲИБКОРОНи Тоҷикистон ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ саҳмияи Роғунро харидаанд. Аҷаб СОҲИБКОРОНИ сарватманд дорем-а?!
Як рафиқи ман мегӯяд, ки раҳбари корхонаашон маоши думоҳаи ӯро, ки ҷамъан 500 сомонӣ мешуд, барои саҳмияи Роғун гуфта ситонидааст. Ин дӯсти ман гуфтааст, ки ман ду моҳи дигар аз куҷо нон хӯрам? Медонед, раис чӣ гуфтааст?
- О додарат дар Русия-ку, гӯ ки пул фиристад…
- Эҳ, ҳоли онҳо беҳтар аст, мегӯед?…

Нахӯдак барои харид ба бозор даромад. Мева харид, қимматаш аз ҳаррӯза гаронтар буд. Нон, кабудӣ, қанд, чизе мехарид, нисбат ба пешина гаронтар буд. Ба растаи тухмфурӯшон омад, қиммати тухм низ як баробар гарон буд. Билохира аз савдогарзан суол кард, ки холаҷон ман харидори ҳамешагии шумоам, чаро якбора нархро боло кардед?
– Эээ, писари хола. Ту-ку аз Русия нав омадагӣ нестӣ? Ооо, холаҷон ман аз дари ҳамин бозор дуртар ҷоеро надидаам.
– Бачем, ин тавр бошад, бояд хабар дошта бошӣ. Ҳама ҳозир барои фронти зарбдор кор карда истодаанд, аз ҷумла мо савдогарон низ. Мо ҳам тасмим гирифтем, ки минбаъд қиммати молҳоямонро боло кунем.
– Барои чӣ охӣ? Чӣ сабаб шуд, холаҷон? Бетоқатона суол кард Нахудак.
– Бачем, ба ҷуз аз ҳисобу китоби бозор мо 100% гарон барои он мефурӯшем, ки аз сохтмони номдори аср, аз иншооти муҳими таърихӣ, аз сохтмони НБО «Роғун» саҳмия харидорӣ намоем!!!


Бо ин ҳама кризису бегармию бебарқӣ, як кор мондааст: Умед бастан. Аммо ҳамин ҳам имсол ЛАТИФА шуд...

Эълони соли 2009
Ба сабаби бӯҳрони молиявӣ ва энержӣ, рӯшанӣ дар охири нақб – туннел хомӯш карда мешавад…

Хайр ҳеҷ гап не. Худо хоҳад, Роғуна созем, барқу гармӣ мешавад. Лекин ҳоло бояд ояндаро андеша кунем: Ба илм биравем, техника созем, РОБОТ созем…

Дар Ҷопон роботеро ихтироъ карданд, ки дуздонро дастгир мекунад. Роботи таҷрибавӣ дар ин кишвар дар 5 дақиқа 100 дуздро боздошт кард. Роботро ба Амрико бурданд ва дар панҷ дақиқа 200 дузд кашфу дастгир шуд. Дар Русия бошад, робот 300 дуздро дар 5 дақиқа даст гирифт. Хостанд, кори ин роботро дар Тоҷикистон таҷриба кунанд. Дар панҷ дақиқа роботро дуздиданд.

Ҳмм… Роботро дуздиданд… Агар бархӯрд чунин бошад, чӣ бояд кунем дигар? Интизори “гумпомошҳо” бишинем?
Ҳа, воқеан, ин ҳам мавзӯъи “хатарнок”латифаи дигар аст, ки як ҳамкасбам ба қарибӣ нақл карда буд. Чаро “хатарнок”? Ку бинам, ки баъди ин қисса чӣ мегӯед…

Дар нишасти матбуотии вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон журналисте даст бардошта, савол медиҳад.
- Шумо мушаххасан гуфта метавонед, ки “гумпомошҳо”-е, ки ба кишвар ворид мешаванд, ба куҷо мераванд?
- Айни ҳол мо дар даст маълумоти аниқ надорем ва дафъаи оянда ман ба ин саволатон ҳатман посух хоҳам гардонд, - дили нохоҳам баҳона пеш меорад намояндаи вазорат.
Баъди се моҳи дигар дар нишасти навбатии матбуотӣ журналисти дигаре бетоқатона даст бардошта, иҷозати савол додан мепурсад. Ҳанӯз даҳон накушода, ҳамон намояндаи вазорати рушди иқтисод пешдастӣ мекунад:
- Ҳа, шумо ба фикрам, дар бораи тақсимоти “гумпомош”-ҳо пурсиданӣ будед. Ҳамин тавр не?
- Не, ман мехостам бипурсам, ҳамон журналисте, ки дафъаи гузашта дар паҳлуи ман менишаст, куҷо шуд?


Ва ин буд чанд лаҳзаи ҳаҷву ханда дар Тоҷикистони соли 2009. Ҳамроҳ бо шумо Носирҷон Маъмурзода хушгӯӣ кардаму хандидам.
Ҳоло ки соли 2009 ба охир нарасидаст, бояд шитобам ба назди раҳбари бахши радио Соҷидаи Мирзо ва аз вай талаб кунам, ки маошамро дар соли оянда 100 доллар зиёд кунад.

Агар зиёд накунад, ба ҳама ҳамкорон мегӯям, ки ба ман ҳар моҳ 200 доллар иловапулӣ медиҳад.
Ана мебинед, чӣ мешавад!
XS
SM
MD
LG