Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар арафаи интихоботи қарибулвуқӯи парлумонии кишвар расонаҳои мустақили Тоҷикистон сафаҳоти вижаеро ҷиҳати инъикоси густардаи ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ихтисос додаанд.

Як навигарие, ки дар ин росто дар расонаҳо мушоҳида мешавад ин аст, ки рейтинг ва ё мизони маҳбубияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар остонаи ин маърака дар нашрияҳо чоп мешаванд.

Вале оё расонаҳо ин корро ба хотири ҷалби бештари хонанда ва ҳамин тавр беҳбуд бахшидани вазъи молии худ ба роҳ мондаанд ё хайр? Ва оё чопи рейтинги аҳзоб ва дар маҷмӯъ матолибу маводи мунташира дар расонаҳои мустақил то куҷо ба ташаккули афкори ҷомеа таъсир гузоштааст.

Дар баъзе нашрияҳо дар раддаи аввал ҲСДТ ва ҲНИТ қарор гирифтааст, вале дар ҳамаи назарсанҷиҳои ин нашрияҳо аҳзобе чун ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ аз мизони пойини маҳбубият бархурдоранд, дар ҳоле, ки ба таъйиди соҳибназарон, ба фарқ аз ҲСДТ ин ду ҳизб шонси бештари ворид шудан ба парлумонро доранд ...
Ба гуфтаи масъулони расонаҳои мустақил, ин рейтинг тавассути SMS ва пур кардани варақабаргаҳои махсус дар ин нашрияҳо, ки дар он исми аҳзоб сабт шудааст, мушаххас хоҳад шуд. Яъне ташхиси мизони маҳбубияти аҳзоб дар нашрияҳо тасвири ҳузур ва ё пойгоҳи иҷтимоии воқеии онҳо набуда, балки як навъ арзёбии хонанда ва ё муштарии ин ва ё он расонаи мустақил аст.

Ба ин далел бештари коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба вазъи нохуби молии расонаҳои мустақил бар ин гумонанд, ки нашрияҳо ин корро ба хотири ҷалби бештари хонанда ва ҳамин тавр дарёфти манобеи изофии молӣ ба роҳ мондаанд.

Аммо Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон», ки тайи ду моҳи ахир рейтинги аҳзоб дар остонаи интихоботи парлумониро мунташир мекунад гуфт, ки ҳадаф ба даст овардани кадом сармоя ва пули изофӣ нест, балки онҳо бо ин васила мехостанд бифаҳманд, ки хонандагони ин нашрия то куҷо ба таҳаввул ва ҳаводиси сиёсии кишвар рағбат доранд.

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба унвони як мутахассис ва коршиноси умури матбуот мӯътақид аст, ки расонаҳо ва ба вижа расонаҳои мустақил сарфи назар аз мушкилоти молӣ ва теъдоди на он қадар бузурги шумора ҳоло дар ташаккул ва самтгирии афкори ҷомеа нақш мегузоранд.

Оқои Қаршибоев афзуд, шояд ҷойгоҳи нашрияҳо ба он сатҳе набошад, ки дар чигунагии баргузории интихоботи парлумони нақши калидӣ ва ё ҳалкунанда дошта бошанд. Аммо воқеият ин аст, ки гурӯҳҳои дигарандеш минбари сӯҳбат бо мардумро аз як тараф ва аз сӯи дигар дастрасӣ ба расонаҳои сартосариро надоранд. Оқои Қаршибоев сӯҳбати ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон бо расонаҳои кишварро далели пайдо кардани нуфузи матбуот дар фазои сиёсии кишвар унвон кард.

Зимнан Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз мавқеъгирии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар соли 2009 дар баробари, ба гуфтаи ӯ, масоили давлатӣ ва миллӣ ситоиш кард. Оқои Сафаров гуфт, ки нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дар бисёре аз масоили сарнавиштсоз барои давлат аз мавзеъгириҳои ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ карданд.

Вале на ҳама коршиносон ва таҳлилгарон аз фаъолияти матбуоти мустақили Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Барои мисол Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир матбуоти Тоҷикистон на ба он ҳаддест, ки битавонад дар ташаккул ва таҳаввули афкор ва андешаи шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ ҷомеа нақше ҷиддӣ дошта бошад. Оқои Усмон гуфт, ки теъдоди нашрияҳои мустақил хеле пойин аст ва аз дигар сӯ расонаҳои мустақил умдатан дар шаҳрҳо ба фурӯш мераванд.

Ба ин тартиб рейтинг ва ё маҳбубияти аҳзоби сиёсӣ дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар нашрияҳои мустақиле, назири «Миллат», «Фараж», «Озодагон», «Нигоҳ» ва «Пайкон», баёнгари изҳори назари хонанда ва муштариёни ин нашрияҳо ва то андозае ифодагари мавқеъи субъективии соҳибони ин расонаҳо аст.

Вагарна дар баъзе аз ин нашрияҳо барои мисол дар раддаи аввал ҲСДТ ва дар бархеи дигар ҲНИТ қарор гирифтааст, вале дар ҳамаи назарсанҷиҳои ин нашрияҳо аҳзобе чун ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ аз мизони пойини маҳбубият бархурдоранд дар ҳоле, ки ба таъйиди соҳибназарон, ба фарқ аз ҲСДТ ин ду ҳизб шонси бештари ворид шудан ба парлумони ояндаи кишварро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG