Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмгузорӣ ба Роғун -- афви нави сармоя?


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо интишори як фармон пули харидорони саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро таҳти ҳимояти давлат қарор дод. Ҳамчунин манбаъ ва шеваи дарёфти ин сармояҳо пажӯҳиш нахоҳанд шуд.

Бар асоси ин фармон, ки ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» ном гирифтааст, маблағҳои афроде, ки саҳмияҳои «Роғун» -ро харидорӣ мекунанд, қонунӣ ҳисобида шуда, ин шахсон дар чаҳорчӯби муқаррароти қонунгузории кишвар аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

ШАФФОФ Ё ПИНҲОН?
Шаффофият бояд таъмин карда шавад. Муҳим ном ва маблағ нест, балки мо ва харидорони саҳмия бидонанд, ки кадом ҳисса барои хариди саҳмия равона шуд ва кадом ҳисса аз ҳисоби хайрия барои кӯмак истифода шудааст...


Фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле интишор гардид, ки баъд аз як ҳафтаи дигар фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» тавассути Бонки давлатии «Амонатбонк» дар саросари ҷумҳурӣ оғоз хоҳад шуд. Ба ин тартиб ин фармон заминаи қонунии харидории саҳмияҳо тавассути сокинони кишварро таъмин хоҳад кард. Аз ҷумла Шариф Раҳмзода, раиси Бонки милллии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, «Роғун – сохтори давлатӣ аст ва ҳар сохтори давлатиро дар пушташ давлат истодааст. Ҳар сохтори давлатие, ки дар пушташ давлат аст кафолати давлатро дорад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ борҳо дар суханрониаш таъкид кардаанд, мо кафолат медиҳем».

Тибқи фармони раиси ҷумҳур, хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бояд ихтиёрӣ сурат бигирад ва танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ширкату корхонаҳои ватанӣ ҳаққи хариди саҳмияҳои Роғунро доранд.

Вазорати молия ва Бонки милливу «Амонатбонк» вазифадор шудаанд, ки ҳар гуна маълумот дар бораи саҳҳомон ва саҳми онҳоро маҳрамона нигоҳ доранд. Ҳамчунин раисиҷумҳур бо амри худ санҷиши фаъолияти бонкҳо дар заминаи фурӯши саҳмияҳо, ҷамъоварии сармояҳо, сабти гувоҳномаҳои ширкати «Нерӯгоҳи Роғун» ва сарчашмаи маблағҳоро мамнӯъ эълон кардааст.

Дар санад ҳамчунин омадааст, ки пажӯҳиши ҳолатҳои қонуншиканӣ аз сӯи саҳҳомон ва ё кормандони бонкҳо танҳо бо иҷозаи Додситонии кулли кишвар сурат хоҳад гирифт.

Бархе аз ҳуқуқшиносон иқдоми президенти Тоҷикистонро навъе идомаи иҷрои қонуни афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк ба хотири ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» арзёбӣ кардаанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин фармон дар баробари таъмини амнияти кафолати саҳмдорон, бояд бо таъмини шаффофияти бештар бовари мардумро ба харидории саҳмияҳои «Роғун» афзоиш диҳад. Вай мегӯяд: «шаффофият бояд таъмин карда шавад. Муҳим ном ва маблағ нест, балки мо ва харидорони саҳмия бидонанд, ки кадом ҳисса барои хариди саҳмия равона шуд ва кадом ҳисса аз ҳисоби хайрия барои кӯмак истифода шудааст.»

САРМОЯҲОИ ҚОНУНӢ Ё "ҚОНУНИШУДА"?

Дар фармони президент ҳамчунин таъкид шудааст, ки «маблағҳои пулии шахсоне, ки саҳмияҳои «Роғун» -ро харидорӣ намудаанд, қонунигардонида ҳисобида шаванд ва ин шахсон аз ҷавобгарӣ тибқи муқарароти қонунгузории Тоҷикистон озод хоҳанд шуд». Ба ин далел Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки фармон бештар ба манофеъи мансабдорон созгор аст. Вай фармони ахири раисиҷумҳурро "як қонуни дигари афви сармоя" номид.

Вай мегӯяд: "Ин танҳо барои харидории саҳмияҳо тавассути мардуми оддӣ равона нашудааст, балки барои мансабдорон ва афроди алоҳидае, ки дар давоми чандин солҳо маблағи калонро ба даст оварданд, вале натавонистаанд қонунӣ кунанд. Имрӯз ҳамин чизро аз нав баррасӣ намуданд, як меъёри ҳуқуқӣ барои таъмини амнияти онҳо ба миён оварданд.»

Зимнан, президент Раҳмон дар моҳи майи соли 2007 қонуни афви шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста ба қонунигардонии молу мулкро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буд, вале баъдан мӯҳлати амали ин қонун ду маротиба аз сӯи палатаи поёнии парлумон тамдид гардид. Зеро на ҳама афроди доро тавонистаанд, дар замони таъиншудаи қонун дороиҳои хешро қонунӣ гардонанд.

Ҳамакунун бо он ки фурсати хуберо барои қонунигардонии маболиғи афроди доро муҳайё шудааст, Шокирҷони Ҳаким, яке дигар аз ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, давлатро лозим аст, то аз тариқи ворид кардани тағйирот ба «Қонун дар бораи моликияти истисноии давлат» ибораи моликияти истисноии давлат будани неругоҳи барқӣ-обии «Роғун» -ро ҳазф кунад, «бояд «Роғун» аз номи иншооти хусусияти миллидошта берун карда шавад ва дар ин сурат мардум метавонанд, саҳмия харидорӣ кунанд.».

Ин дар ҳолест, ки президент дар ин фармон ҳукуматро вазифадор кардааст, ки бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ кунад ва такмили санадҳои қонунгузориро пешниҳод намояд. Ҳукумати Тоҷикистон Корхонаи алюминии Тоҷикистон -ТАЛКО ва нерӯгоҳҳои барқӣ-обии «Норак» ва «Роғун» дар моҳи феврали соли ҷорӣ моликияти истисноии давлат эълом кард ва ин пешниҳод аз сӯи парлумони кишвар пуштибонӣ шуд.
XS
SM
MD
LG