Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқстон содиркунандаи аслии ғалла дар ҷаҳон аст


Вазорати кишоварзии Қазоқистон иттилоъ додааст, ки Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Афғонистону Қирғизистон воридкунандагони аслии ғаллаи Қазоқистон ба шумор мераванд. Бино ба хабари ин манбаъ, Қазоқистон дар соли 2009 дар миёни кишварҳои содиркунандаи ғалла дар мақоми аввал қарор гирифт. Дар 12 моҳи ахир ин кишвар 2,2 миллион тон ғалла ба кишварҳои хориҷӣ фурӯхтааст. Бад-ин тартиб соли севвум аст, Қазоқистон дар судури ғалла дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор мегирад. Соли 2007 15 дарсади ғаллаи содиротии ҷаҳон ба Қазоқистон тааллуқ дошт ва ин рақам дар соли 2009 ба 18 дарсад расид.
XS
SM
MD
LG