Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи марзбонони рус дар Тоҷикистон иваз шуд


Дар остонаи Соли Нав фармондеҳи гурӯҳи оперативии марзбонони Русия дар Тоҷикистон иваз шуд. Генерал-майор Василий Василев-фармондеҳи собиқ дар ватанаш мақоми дигареро соҳиб шудааст ва ба ҷои вай сарҳанг ё полковник Анатолий Михеев ба фаъолият шурӯъ кардааст. Чанд соли пеш бино ба дархости ҷониби Тоҷикистон, нируҳои марзбонии Русия Тоҷикистонро тарк карданд, вале ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки як гурӯҳи марзбонии русҳо дар Тоҷикистон боқӣ монад. Михеев қаблан низ дар посгоҳҳои марзии Тоҷикистон, аз ҷумла дар посгоҳи Қалъаи Хумб, ифои вазифа кардааст.
XS
SM
MD
LG