Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе Соли Навро чӣ тавр пазироӣ мекунад?


Шаҳрдории Душанбе-пойтахт 31-ӯми декабр дар соатҳои ахири соли 2009 барои гусели Соли Куҳан ё пазироии Соли Нав дар хиёбони марказӣ консерте ба нақша гирифтааст. Ин консерт ду соат пеш аз вуруди соли нави милодӣ бо оташакбозӣ ба поён мерасад. Барои рафту омади сокинон ва ширкаткунандагони ин маросим шоми 31-ӯми декабр барои 5 соат роҳи марказӣ баста хоҳад буд. Бино ба баъзе гузоришҳо, дар шабонарӯзи Соли Нави милодӣ маҳдудияти доднаи барқ ба хонаҳои мардум аз байн меравад ва онҳо 24 соат бо барқ таъмин мешаванд.
XS
SM
MD
LG