Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ду инфиҷори Рамодии Ироқ 10 нафар кушта шуд


Дар натиҷаи ду инфиҷори интиҳорӣ дар шаҳри Рамодӣ-воқеъ дар қисмати ғарбии Ироқ 10 нафар кушта, 35 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Аҳмад ал Алвонӣ-раиси вилоят хабар додааст. Вай гуфт, яке аз бамгузорон бамро дар пояш баста будааст ва бинои идории ҳукуматро ҳадаф қарор додааст. Сӯиқасдкунандагон бами дигарро дар мошин кор гузоштаанд, ки ҳангоми инфиҷор ҳамроҳ бо дигарон 4 афсари пулис низ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG