Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон талош дошт аз қазоқҳо урани ғанишуда бигирад


Намояндагони дипломатӣ аз гузорише роҷеъ ба талоши Эрон барои ворид кардани 1 350 тон урани ғанишуда аз Қазоқистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс, ки фишурдаи ин гузоришро дастрас кардааст, навиштааст, ки имкон дошт ин задубанд дар давоми ҳафтаҳои оянда ба иҷро бирасад. Ян Келлӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, интиқоли ҳар гуна урани ғанишуда ба Эрон нақзи рӯшани таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ аст.
XS
SM
MD
LG