Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбонии бомбҳои ҷанги шаҳрвандӣ


Сайғуфрон бар асари таркиши маводи мунфаҷира аз ҳар ду дасти худ маҳрум гаштааст

Сайғуфрон бар асари таркиши маводи мунфаҷира аз ҳар ду дасти худ маҳрум гаштааст

Сайғуфрон як ҷавони раштист, ки соли 1996 ба ҳангоми ҳамагӣ 10 сол доштан бар асари таркиши як маводи мунфаҷира дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳар ду дасти худ маҳрум гаштааст.

Сайғуфрон мегӯяд, таркиш ба ҳадде мудҳиш будааст, ки ду ҳамсафари ӯ дар маҳалли ҳодиса ҷон додаанд. Ин мусоҳиби мо меафзояд, баъди он ки мардум аз зинда мондани ӯ воқиф шудаанд, бо кӯмаки ҷамъияти Салиби Сурх, ки он замон ин созмон дар водии Рашт фаъолият мекард, ӯро ба бемористони Тоҷикобод интиқол додаанд, ки он ҷо давоми 3 моҳ таҳти назари пизишкон қарор доштааст.

Вай гуфт, дар ибтидо аз бедастӣ ҳама чиз барояш гарон буда, ҳеҷ кор карда наметавонист, ки ҳатто дар ғизо хӯрдан мушкилӣ мекашид. Аммо вай аз ин қисмати талх ноумед нагашт ва бо пойҳояш навиштанро ёд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаҳрамони гузориши мо мегӯяд, замони ҷанг ҳамагӣ се сол мактаб рафтааст .

Сайғуфрон мегӯяд, борҳо ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намудааст, вале то имрӯз касе ба ин мушкили ӯ расидагӣ накардааст. Вай акнун тасмим гирифтааст, ки унвонии вазири тандурустии кишвар номае навишта кӯмак бипурсад ...
Сайғуфрон, ки дар як соли пеш ҷашни арусӣ барпо кардааст, мегӯяд, соҳиби писар шудааст. Аммо вай гуфт, ҳамчун маъюби дараҷаи як ҳамагӣ 60 сомонӣ нафақа мегирад, ки ба оддитарин шароити зиндагии ӯ намерасад. Зеро, гуфт ӯ, маъюб аст ва коре аз дасташ намеояд.

Ва аммо ин қаҳрамони мо мегӯяд, дар як соли пеш марду зане, ки ҳар либоси низомӣ бар тан доштаанд, аз Душанбе ба хонаи ӯ омада, гуфтаанд, онҳо барояш аз ҳисоби ҳукумат дар пойтахт хона медиҳанд. Вале вай гуфт, баъдтар маълумаш гашт, ки ин ду нафар қаллобоне будаанд, ки баъди гирифтани 1500 долари пайвандонаш ғайб задаанд.

Бо ин ҳама Сайғуфрон мегӯяд, борҳо ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намудааст, вале то ба имрӯз касе ба ин мушкили ӯ расидагӣ накардааст. Вай акнун тасмим гирифтааст, ки унвонии вазири тандурустии кишвар номае навишта кӯмак бипурсад. Вай умедвор аст, ки дар соли нав ба доди хоҳанд расид.

Вале бо ин ҳама Сайғуфрон худро қурбонии ҷанги бародаркуш медонад, ки ба мисли даҳҳо нафари дигар дар минтақаи Рашт аз таркиши минаву бомбҳои касетӣ барои як умр азоби маълулӣ мекашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG