Пайвандҳои дастрасӣ

Фишорҳои нави давлати Эрон ба Ширин Ибодӣ


Ширин Ибодӣ, нахустин зани мусалмони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел

Ширин Ибодӣ, нахустин зани мусалмони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел

Кормандони вазорати иттилооти Эрон хонум Нӯшин - хоҳари барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодиро боздошт кардаанд. Ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Фардо Ширин Ибодӣ низ тайид кард ва гуфт, ки хоҳарашро дар манзили зисташ дастгир карда ба боздоштгоҳ бурдаанд.

Хонум Ибодӣ иброз дошт, ки “Вазорати иттилоот ба хоҳарам гуфта буд, хонаеро, ки дар он сукунат дорад ва дар як бинои истиқоматӣ бо манзили ман аст, бояд иваз кунад. Дар ғайри ин сурат, яъне агар хонаро иваз накунад ва ман ба корҳоям идома диҳам, ӯро дастгир хоҳанд кард. Ман дар ибтидо ин ҳарфҳоро шухӣ пиндоштам, вале, мутаассифона, маълум шуд, ки шухӣ намекунанд ва соати 9-и шаби душанбе чаҳор нафар ба манзили хоҳарам омаданд ва ӯро дастгир карданду бурданд”.

Ба гуфтаи Ширин Ибодӣ, хоҳараш ба сиёсат ягон пайванд надошт ва дар ягон намоиши эътирозии мухолифин, аз ҷумла, тазоҳуроти рӯзи Ошӯро ширкат накардааст. Ва аммо пас сабаби боздошти хоҳари маъруфтарин ҳомии ҳуқуқи башар дар Эрон чист?

Худи Ширин Ибодӣ ин боздоштро ҳамчун интиқом барои фаъолиятҳои иҷтимоияш арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки “боздошти хоҳари ман ба ҷурми фаъолиятҳое, ки ман анҷом медиҳам дар робита ба дифоъ ҳуқуқи башар, маро ёди он зарбулмасали худамон меандозад, ки “Гуноҳ кард дар Балх оҳангаре, ба Шуштар заданд гардани мисгаре”. Ман коре карда бошам, хуб ё бад, масъулияташ бо ман аст ва намедонам вазорати иттилоот бо чӣ мантиқе хоҳари маро дастгир кардааст”. Зимнан, мақомоти Эрон то ҳол сабаби боздошти хоҳари Ширин Ибодиро ташреҳ накардаанд.

Ширин Ибодӣ дар маросими супурдани ҷоизаи Нобнл. 10-уми декабри соли 2003, шаҳри Ослои Норвегия
Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳо ҳадс задаанд, ки ин боздошт шояд бо тақозои ҳукумати Эрон аз хонум Ширин Ибодӣ барои пардохти 410 ҳазор доллар молиёт аз ҷоизаи сулҳи Нобел бастагӣ дошта бошад. Чанд ҳафта пеш маҳз ба ҳамин хотир мақомоти Эрон ҳисобҳои бонкии хонум Ибодӣ ва ҳамсарашро мунҷамид карда буданд. Он рӯзҳо хонум Ибодӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ишора карда буд, ки талошҳое барои мусодираи манзили зисти ӯ дар Теҳрон низ сурат гирифтаанд.

Ҳамзамон бо ин мақомоти Эрон нишони тиллову ифтихорномаи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ҳамроҳ бо чанд ҷоизаи дигар, аз ҷумла, ордени Легиони фахрӣ, ки аз сӯи ҳукумати Фаронса эҳто шуда буд ва “Ангуштарини озодии баён”-и Анҷумани хабарнигорони Олмонро, ки дар як говсандуқ дар бонки Теҳрон маҳфуз буданд, мусодира намуданд. Зимнан, хонум Ибодӣ талаби ҳукумат барои пардохти молиётро ғайриқонунӣ мехонад, зеро, ба гуфтаи ӯ, тибқи қавонини Эрон, аз ҷоизаҳо молиёт пардохт намешавад.

Ширин Ибодӣ нахустин зани мусалмони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва нахустин зан–вакили дифоъ дар Эрон аст. Ӯ аз моҳи июн ба ин сӯ дар хориҷи Эрон ба сар мебарад ва аммо мегӯяд, ки дар сар ҳавои бозгашт ба ватанро дорад. Ҳамзамон Ширин Ибодӣ аз он нигарон аст, ки ҳафтаҳои ахир пайваста ҳушдор мегирад ва, аз ҷумла, дар бораи он ки дар сурати бозгашт ба Теҳрон ҳатман боздошт хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG