Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафтаи Тоҷикистон дар ойинаи матбуот


Оғози маъракаи интихоботи порлумонӣ, барканории Маҳмадсайид Убайдуллоев аз муовинати раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, пешбиниҳо дар бораи раҳбари ояндаи дастгоҳи раиси ҷумҳур ва натиҷагирӣ аз соли 2009 аз мавзӯъҳои марказии шумораи солинавии нашрияҳои чопи Душанбе будааст.

“Сталин-2” ба порлумон меравад

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” бо нашри акси бузурги Амиршо Миралиев дар саҳифаи аввали худ талош кардааст, ки ҷойгузини ӯро ба унвони раҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон “пайдо” кунад. Ин мавзӯъ, баъд аз он ки оқои Миралиев дар феҳристи номзадҳои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт, рӯйи забонҳо омад.

Аксари ҳамсӯҳбатони “Нигоҳ” бовар доранд, ки ин навбат раиси ҷумҳур мехоҳад порлумонро ба фарди боварноку санҷидае мисли Миралиев супорад. Онҳо аз пешгӯйии ин ки дар дастгоҳ ба ҷойи ӯ кӣ хоҳад омад, худдорӣ кардаанд, вале гуфтаанд, бояд ин шахс нафари азхудгузаштае бошад ва манфиатҳои давлату миллатро аз манофеъи худ боло донад.

Аммо ҳафтаномаи сиёсии“Фараж”, ки аз Амиршо Миралиев ба унвони “Сталин-2” ном бурдааст, гуфтааст, ҷойи ӯро дар дастгоҳ раисиҷумҳур эҳтимолан ё ба Абдуҷаббор Азизов ё ба Асадулло Раҳмон ва ё ба Саймурод Фаттоев бовар мекунад.

Убайдуллоев чаро барканор шуд?

Мавзӯи дигаре, ки аксар нашрияҳо ба он ҳам таваҷҷӯҳ кардаанд, барканории ғайриинтизори Маҳмадсайид Убайдуллоев аз симмати муовини Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ будааст. Ҳафтаномаи “Фараж” ин мавзӯъро ба боди баҳс кашида, суолеро матраҳ кардааст, ки рафтани Убайдуллоев ва Достиев, ки барои бунёди як ҳизби ҳукмрон талош кардаанд, ба нафъи кист. Нашрия гуфтааст, “ҳар чӣ ҳам набошад, рафтани ин ду нафар аз маъмурияти ҳизби халқӣ-демократӣ як гардиши куллӣ дар сиёсатҳои на танҳо ҳизби халқӣ-демократӣ, балки Тоҷикистон аст”.

Ҳафтаномаи “СССР” ҳам ба ин мавзӯъ дахл карда ва гуфтааст, барканории Убайдуллоев ҳанӯз нимкосаи таги косаро рӯшан накардааст. Яъне, то ҳоло гуфтан мушкил аст, ки ҳизби ҳоким ба як лидери воқеъан маъруфи худ ниёзе надорад ва ё талош дорад як чеҳраи ҷавонро ба майдон биорад.

Интиригаи интихоботи порлумонӣ

Ба дунболи ин мавзӯъ, ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар як назархоҳӣ аз бархе коршиносон пурсидааст, ки аз интихоботи парлумонии соли 2010 чӣ навгонӣ, дақиқтараш чӣ интригаеро таваққӯъ доранд. Аксарият гуфтаанд, ки дар ин интихобот мунтазири ҳич интригае нестанд. Аммо Раҷаби Мирзо, аз коршиносони тоҷик, гуфтааст, интиригаи муҳими интихоботи порлумонӣ ин хоҳад буд, ки кӣ ба ҳайси раҳбари Маҷлиси Миллӣ пазируфта хоҳад шуд. Раҳбари Маҷлиси Миллӣ нафари дуввум дар Тоҷикистон дониста мешавад ва ин симматро дар панҷ соли гузашта Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳдори Душанбе, бар ӯҳда дошт.

Соли пурмоҷарои иқтисодӣ

Баъзе аз нашрияҳо талош кардаанд, аз як соли гузашта ҳам натиҷагирӣ кунанд. Ҳафтаномаи “Озодагон” дар як матлаб минусҳои блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва вазъи хароби иқтисоди кишварро баршумурдааст. Муаллифи ин матлаб ҳарчанд ин солро барои Тоҷикистон “як соли пурмоҷарои иқтисодӣ” унвон кардааст, вале гуфтааст, ки дар ин сол Тоҷикистон боз ҳам ба ҳич пешрафти иқтисодие даст наёфт.

Ин ҳафтанома ошкор шудани масрафи ғайримақсадноки як миллиард доллар дар Бонки миллии Тоҷикистон дар замони раҳбарии Муродалӣ Алимардон, норӯшан боқӣ мондани аудити ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва “Талко”, соли поинравии қурби сомонӣ дар баробари арзи хориҷӣ, асари бӯҳрони молӣ ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷиронро аз муҳимтарин моҷароҳои иқтисодӣ дар соли 2009 унвон кардааст.

Ҳиҷоб ва Манижа

Ва ҳафтаномаи русизабони “Азия-плюс” ба фарқ аз шумораҳои пешини худ, ин ҳафта шод ба назар меояд. Яъне, тақрибан масоили муҳими сиёсиро ба баҳс накашидааст. Ин нашрия ин ҳафта сӯҳбати ошкороеро бо Манижаи Давлат, хонандаи саршиноси тоҷик, ки се сол бад-ин сӯ аз саҳна канор рафтааст, анҷом додааст. Хабарнигори “Азия-плюс” гуфтааст, ба фарқ аз чанд соли қабл Манижа зоҳиран тағйир кардааст. Манижа ба тасвири журналист бо ҳиҷоб мегардад ва ба рӯҳоният рӯ овардааст ва ҳатто аз сӯҳбаташ рӯшан мешавад, ки пеши устоде илми Қуръон меомӯзад. Манижа ба саволи он ки оё қарор аст дубора рӯйи саҳна ояд ё не, гуфтааст, ҳоло дар сари дуроҳа мондааст. Яъне, аз як сӯ, гуфтааст, “бихонам ҷурм аст, ва аз сӯии дигар нахонам ҷурм аст...”
XS
SM
MD
LG