Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи ҳимояи ҳуқуқи харидорони саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун фармон имзо кардааст. Тибқи ин санад, хариди саҳмияҳои нерӯгоҳ бояд ихтиёрӣ сурат бигирад.

Дар амри раиси ҷумҳур мадааст, ки танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ширкату корхонаҳои ватанӣ ҳаққи хариди саҳмияҳои Роғунро доранд. Вазорати молия ва Бонки милливу «Амонатбонк» муваззаф шудаанд, ки ҳар гуна маълумот дар бораи саҳҳомон ва саҳми онҳоро маҳрамона нигоҳ доранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амри худ санҷиши фаъолияти бонкҳо дар заминаи фурӯши саҳмияҳо, ҷамъоварии сармояҳо, сабти гувоҳномаҳои ширкати «Нерӯгоҳи Роғун» ва сарчашмаи маблағҳоро мамнуъ эълон кардааст. Дар санад ҳамчунин омадааст, ки пажӯҳиши ҳолатҳои қонуншиканӣ аз сӯи саҳҳомон ва ё кормандони бонкҳо танҳо бо иҷозаи Додситонии кулли кишвар сурат хоҳад гирифт.

Вазорати молияи Тоҷикистон қиммати саҳмияҳои Роғунро, ки бояд мардум харидорӣ кунанд, 6 миллиард сомонӣ муайян кардааст. Фурӯши қоғазҳои кимматбаҳои Роғун 6 январи соли 2010 оғоз хоҳад шуд. Бо ин ҳадаф дар саросари кишвар 583 нуқтаи фурӯш боз мешавад.

Вале то ҳол равшан нест, ки хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун бо чи тартиб сурат хоҳад гирифт ва низом ва шаффофияти он чи гуна таъмин хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки саҳмияҳо танҳо пас аз як ҳафта мавриди фурӯш қарор мегиранд, мақомоти “Амонатбонк” эълон кардаанд, ки аз ҳоло ба суратҳисобҳои вижаи ин банк беш аз 3 миллион сомонӣ ва беш аз 10 ҳазор доллар ворид гаштааст.

Дар фармони ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки саҳмияҳои Рогун на иҷборӣ, балки ихтиёрӣ харидорӣ шаванд. Зикри ба такрори ин нукта эҳтимолан аз ташвишҳои сокинони кишвар маншаъ гирифтааст, ки мегӯянд, бисёре аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҷамъоварии маблағҳо барои Роғунро бо роҳи маҷбурӣ ба роҳ мондаанд.

Бо содир шудани амри ҳимояи ҳуқуқҳои харидорони саҳмияҳои Роғун интизор меравад, чунин ихтилофоти назар аз байн бардошта шавад ва тартибу низоми саҳмгузорӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ муназзам гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG