Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: "ИМА як бахши масъулиятро бар дӯш мегирад"


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама изҳор намуд, ки кишвараш як бахши масъулият дар робита ба талоши ҳамлаи террористӣ дар ҳавопаймои амрикоиро бар дӯш мегирад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз бар асари бетафовутии мақомоти амниятӣ шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдумуталлаб тавонист вориди ҳавопаймо шавад. Барак Обама афзуд, ки аз ин пеш шубҳаҳое дар бораи робитаи Абдумуталлаб бо созмони “Ал-Қоида” дар миён буданд ва падараш низ мақомоти Амрикоро аз нақшаҳои ифротгароёнаи Умар Фаррух огаҳ карда буд. Раисиҷумҳури ИМА гуфт, ӯ мехоҳад аз хадамоти вижа ва хадамоти кашф бишнавад, ки кадом иштибоҳҳо содир шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 декабр Умар Фаррух Абдумуталлаб талош кард то дар ҳавопаймое, ки аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард, маводи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо садди роҳаш шуданд.
Масъулияти ин ҳамлаи номуваффақро созмони “Ал-Қоида” ба дӯши худ гирифт. Дар изҳороти “Ал-Қоида” омадааст, ки ин ҳамла бояд посух ба амалиёти зиддитеррористии нерӯҳои ҳукумати Яман дар аввалҳои моҳи равон мешуд, ки дар он амрикоиҳо низ ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG